Cана: 26-11-2014

МУНДАРИҶА

НИЗОМНОМАҲО

ДОНИШҶӮЙ



Маркази бақайдгирии низоми  кредитии таҳсилот

Соли хониши 2009-2010 тибқи қарори Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров низоми кредитии таҳсилот ҷорӣ гардид. Ва аз моҳи сентябри соли хониши 2009-2010 Маркази бақайдгирии низоми кредитии таҳсилот (МБНКТ) дар бинои таълимии №1 ошёнаи 2 ба фаъолият оғоз кард.

Дар ибтидои фаъолият дар заминаи МБНКТ ҷадвали ҷузъи кории коркунони марказ зери назар шуд. Дар ин марказ 6 нафар кору фаъолият доштанд. Дар он сол 4 факултети Донишгоҳ бо ин низом фаро гирифта шуданд: молия ва иқтисодиёти бозор, кибернетика, забонҳои шарқ, метематика. Дар соли хониши 2010-2011 боз 6 факултети Донишгоҳ: физика ва техника, забонҳои хориҷӣ, филологияи тоҷик, филологияи рус, филологияи ӯзбек, педагогӣ ба ин низоми кредитӣ гузаронида шуд. Сипас дар соли хониши 2014-2015 ба истиснои факултети таҳсилоти ғоибона, тамоми 16 факултетҳои Донишгоҳ ба ин низом фаро гирифта шудаанд.

Аз моҳи ноябри соли 2012 МБНКТ фаъолияти худро дар бинои асосии Донишгоҳ идома дода истодааст. Аз соли хониши 2013-2014 шӯъбаи магистратураи Донишгоҳ низ ба низоми кредитии таҳсилот ворид карда шуд.

Аз рӯи ҷадвали корӣ дар маркази бақайдгирӣ 7 ҷузъи корӣ вазифаҳо тақсим карда шудааст. Ҳамчунин мувофиқ ба нишондоди низомномаи Низоми кредитии таҳсилот дар факултетҳои Донишгоҳ 17 нафар эдвайзерҳо фаъолият мекунанд.